Пешвоёни ғайрасмии ВМКБ ба пардохти қарзи «Амонатбонк» шитоб надоранд

То имрӯз ҳамагӣ нисфи маблағи ба сифати қарз аз БДА «Амонатбонк» дастраскардаи пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба бонк баргардонида шудааст. Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз соли гузашта вобаста ба пардохти ин қарзҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тамоми асноди зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ супурда шудаанд. «Бо масъалаи […]

ASIA-Plus


То имрӯз ҳамагӣ нисфи маблағи ба сифати қарз аз БДА «Амонатбонк» дастраскардаи пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба бонк баргардонида шудааст.

Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз соли гузашта вобаста ба пардохти ин қарзҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тамоми асноди зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ супурда шудаанд. «Бо масъалаи пардохти ин қарзҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд ва бо ворид шудани воситаҳо, онҳоро ба бонк мефиристанд», – иброз дошт вай.

Раиси «Амонатбонк» аз шарҳу тавзеҳи минбаъда оид ба ин масъала худдорӣ варзида, тавсия дод, ки барои дастрас кардани маълумоти муафссал дар ин хусус ба прокуратура муроҷиат карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қарзҳои зикршуда 1 млн. 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарзҳо соли 2008 ба хешовандону наздикони пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Ёдгор Мамадасламов (700 ҳазор сомонӣ) ва Толиб Айёмбеков (565 ҳазор сомонӣ) дода шудаанд. Аммо дар муҳлати муқарраршуда қарзҳо ба «Амонатбонк» баргардонида нашуданд ва дар ин робита Прокуратураи генералӣ ба Мамадасламов ва Айёмбеков айбномаҳои нав пешниҳод намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.