ХФМ Русия гуноҳи худро ба гардани муҳоҷири тоҷик бор карданӣ шуд

Date:


Кормандони шуъбаи дар ноҳияи Ленини шаҳри Москва будаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои нодуруст пур кардани патенти иҷозати кор шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Ҷумъаназар Алимовро дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, Ҷ.Алимов ба ин тасмим розӣ нашуда, ба намояндагӣ муроҷиат кардааст, ки дар ҳалли мушкилаш кӯмак расонанд.

«Барои ҳалли ин масъала Намояндагӣ    бо ҷалби ҳимоятгар Осиб Файзуллоев муайян кард, ки нисбат ба муҳоҷири меҳнатӣ талаботи  ғайриқонунӣ татбиқ шудааст. Баъд аз баррасии ҳамаҷонибаи масъала исбот карда шуд, ки зимни ба расмиятдарории патент беэътиноӣ аз ҷониби  худи кормандони шуъбаи ХФМ ба амал омада, бо дарназардошти муайянсозии  ҳамаи омилҳо, ҷаримаи муқарраргардида  нисбат ба муҳоҷир бекор ва  патент дода шуд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли вай, ҳамчунин бо мусоидати Намояндагӣ ба як бригадаи бинокорони тоҷики машғули кор дар ширкати сохтмонии «Аист»-и вилояти Маскав қисмате аз маблағи қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 200 ҳазор рубли русӣ пардохта шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...