Сардабири «ИмрӯзNews» мутмаин аст, ки А.Ҳукумов ба қарори суд дахолат кардааст

Date:


Санаи 18-уми июл рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири рӯзнома Назири Нусрат бо шикояти назоратӣ ба Раёсати суди шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, зеро ҳалномаи зинаҳои поёнии судӣ оид ба қонеъ кародани аризаи даъвогии Рустам Ҳукумов нисбати рӯзномаро ғайриқонунӣ мешуморанд.

Дар саҳифаи фейсбукии худ Назири Нусрат навиштааст, ки ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Қарори кассатсионии Коллегияи судии парвандаҳои шаҳрвандии Суди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ва беасос мебошад.

«Мо ба чунин мавқеъ ҳастем, ки дар ҳардуи ин ҳолат маҳз дахолати падари мансабдори Рустам Ҳукумов – Амонулло Ҳукумов ба ҷараёни баррасии парванда, баҳсро ба манфиати даъвогар Рустам Ҳукумов ҳал кард», – омадааст дар навиштаи сардабир.

Дар иттилоъ зикр мегардад, ки зимнан, Рустам Ҳукумов дар баҳси додгоҳӣ бо рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва сармуҳаррири рӯзнома мехоҳад ин қазияро баррасӣ кунад, ки моҳи июни соли 2008 дар Маскав чи рӯй дод. «Дар посух мо мегӯем, баҳси додгоҳии мо бо нафаре, ки соли 2008 бо ҷурми тиҷорати 9,5 героин боздошт шуд, ҳеҷ вақт воситаи «тоза» шудани ӯ нест ва ба андешаи мо, ин баҳси додгоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад Рустам Ҳукумовро «сафед» кунад», – гуфта мешавад дар навишта.

Сардабир баён мекунад, ки аз ҷониби дигар, ҳеҷ суду ҳеҷ судяе ин ҳаққро надоранд, ки дидаву дониста, манфиатҳои нафареро, ки маҳз бо ҷурми нашъаҷаллобӣ се сол дар ҳабс буд, аз манфиатҳои як рӯзнома ва як хабарнигоре, ки ин қазияро инъикос кардаанд, боло гузоранд. «Қудои раиси Суди Олӣ будани падари Рустам Ҳукумов маънои онро надорад, ки ҳама чиз аз онҳост», – афзудааст Назири Нусрат.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...