Экологҳои Суғд аз фаъолияти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон бонги хатар мезананд

Экологҳои вилояти Суғд таъсири манфии корхонаҳои саноатии наздимарзии Ӯзбекистон ба муҳити зист дар қаламрави вилоятро ошкор намуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Хуршед Саидов ибрози андеша кард. «Кормандони раёсат ҳар моҳ дар 16 мавзеъи ноҳияҳои наздимарзии Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мониторинги вазъи экологӣ доир намуда, ошкор […]

Мавлуда Рафиева


Экологҳои вилояти Суғд таъсири манфии корхонаҳои саноатии наздимарзии Ӯзбекистон ба муҳити зист дар қаламрави вилоятро ошкор намуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Хуршед Саидов ибрози андеша кард.

«Кормандони раёсат ҳар моҳ дар 16 мавзеъи ноҳияҳои наздимарзии Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Бобоҷон Ғафуров мониторинги вазъи экологӣ доир намуда, ошкор сохтанд, ки корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи муҳити зисти ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд», – зикр кард ӯ.

Ба қавли Саидов, дар ноҳияи Мастчоҳ таъсири манфии корхонаи гидрометаллургии шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон ба мушоҳида мерасад. «Партовҳои моеъи ин корхона ба сарбанди каме дар баландӣ воқеъ, ки зери пастии он заминҳои обёришавандаи ин ноҳия ҷойгиранд, рехта мешаванд. Ин партовҳои моеъ, ки дар таркибашон маводи зараровар, аз ҷумла металлҳои вазнин мавҷуданд, ба обҳои зеризаминии гирду атроф роҳ ёфта, дар натиҷа дар ин мавзеъ беҳосилшавии заминҳо ба мушоҳида мерасад», – зикр кард сардори раёсат.

Саидов зикр кард, ки дар шаҳри Бекободи Ӯзбекистон, ки бо ноҳияи Спитамен ҳаммарз аст, корхонаҳои гидрометаллургӣ ва истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки ба вазъи экологии ин минтақа таъсири манфӣ мерасонанд. «Истеҳсоли семент қаламрави гирду атрофро ифлос намуда, ба солимии аҳолӣ ва вазъи хок зиён меоварад», – идома дод ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки макони партовҳои саноатии воқеъ дар ноҳияи Спитамен низ боз як омили таъсири манфӣ ба муҳити зист аст. «То ҳанӯз тамоми ҳаҷми зарари расонидашуда ба муҳити зисти вилоят аз фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвари ҳамсоя муайян нашудааст», – таъкид дошт Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.