Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон эълони санаи баргузории интихоботи президентиро интизор аст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР-и ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев дар ин робита изҳор кард, ки мутобиқи қонунгузорӣ санаи баргузории интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон на дертар аз ду моҳ то анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда, ки санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба итмом мерасад, эълон карда шавад.
«Санаи баргузории интихоботи пешинаи президенти Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 2006) дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон 31 августи соли 2006 эълон гардида буд», – хотиррасон кард Додоев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки рӯзи эълони санаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ суханронии раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар назар аст, ки оид ба тадбирҳои андешидаи КМИР ҷиҳати шаффофу ба таври демократӣ ва озодона баргузор шудани интихобот маълумот хоҳад дод.
«Пас аз як рӯзи эълони санаи баргузории интихобот, КМИР нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории онро пешкаши ҳамагон мекунад», – афзуд Додоев.


