КМИР эълони санаи интихоботи президентиро интизор аст

Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон эълони санаи баргузории интихоботи президентиро интизор аст. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР-и ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев дар ин робита изҳор кард, ки мутобиқи қонунгузорӣ санаи баргузории интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон на дертар аз ду моҳ то анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда, […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон эълони санаи баргузории интихоботи президентиро интизор аст.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи КМИР-и ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев дар ин робита изҳор кард, ки мутобиқи қонунгузорӣ санаи баргузории интихоботи президентӣ бояд дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон на дертар аз ду моҳ то анҷоми муҳлати ваколатҳои президенти амалкунанда, ки санаи 6-уми ноябри соли ҷорӣ ба итмом мерасад, эълон карда шавад.

«Санаи баргузории интихоботи пешинаи президенти Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 2006) дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон 31 августи соли 2006 эълон гардида буд», – хотиррасон кард Додоев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки рӯзи эълони санаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ суханронии раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар назар аст, ки оид ба тадбирҳои андешидаи КМИР ҷиҳати шаффофу ба таври демократӣ ва озодона баргузор шудани интихобот маълумот хоҳад дод.

«Пас аз як рӯзи эълони санаи баргузории интихобот, КМИР нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории онро пешкаши ҳамагон мекунад», – афзуд Додоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.