Таваҷҷуҳи ширкатҳои аврупоӣ ба мева ва маснӯоти бофандагии Тоҷикистон

Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид чанде қабл бо роҳбари ҶДММ «Финконсулт»-и гурӯҳи консалтингии IDP Марко Корвел гуфтушунид анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ширкати зикршуда ба таҳлили молиявӣ ва тартиботи роҳандозии он, мониторинги лоиҳавӣ, арзёбии омилҳои нархгузорӣ, омӯзиш дар бахши баҳисобгирии муҳосибиву аудит ва ҳамчунин пшниҳоди хизматгузориҳои аудити дохилӣ […]

Аваз Юлдошев


Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид чанде қабл бо роҳбари ҶДММ «Финконсулт»-и гурӯҳи консалтингии IDP Марко Корвел гуфтушунид анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ширкати зикршуда ба таҳлили молиявӣ ва тартиботи роҳандозии он, мониторинги лоиҳавӣ, арзёбии омилҳои нархгузорӣ, омӯзиш дар бахши баҳисобгирии муҳосибиву аудит ва ҳамчунин пшниҳоди хизматгузориҳои аудити дохилӣ машғул буда, аз таҷрибаи 15-солаи корӣ дар Тоҷикистон бархӯрдор аст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз лоиҳаҳои амалишудаи ширкат дар Тоҷикистон тавассути баргузории таҳлил ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ шомил кардани КМ «Апрелевка» ба номгӯи ширкатҳои биржаи Лондон мебошад. Дар ширкат мутахассисони сатҳи байнулмилалӣ ва донандаи хуби бозори ватанӣ фаъолият доранд.

Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз талабот ба баргузории аудит, раиси ПСС ҶТ пешниҳод кардааст, ки миёни аъзои Палата дар шаҳри Душанбеву вилоятҳои Хатлон ва Суғд семинар-муаррифиномаи ширкат созмон дода шавад.

Дар навбати худ Марко Корвел изҳор намудааст, ки як қатор ширкатҳои аврупоӣ бо мақсади харидории мева, чормағз ва маснӯоти бофандагӣ ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфтанианд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.