Доварии тоҷикон дар бозии дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистону Покистон

Бо дархости Федератсияи футболи Афғонистон Кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистону Покистон, ки рӯзи 20-уми август дар шаҳри Кобул доир мегардад, дастаи доварони тоҷикро таъин кард. Бино ба иттилои ФФТ, доварӣ дар ин вохӯрии байнулмилалӣ ба дӯши довари 41-солаи ФИФА аз Қӯрғонтеппа Равшан Ишматов вогузор шудааст. […]

Аваз Юлдошев


Бо дархости Федератсияи футболи Афғонистон Кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Афғонистону Покистон, ки рӯзи 20-уми август дар шаҳри Кобул доир мегардад, дастаи доварони тоҷикро таъин кард.

Бино ба иттилои ФФТ, доварӣ дар ин вохӯрии байнулмилалӣ ба дӯши довари 41-солаи ФИФА аз Қӯрғонтеппа Равшан Ишматов вогузор шудааст. Аз соли 2006 Ишматов довари дараҷаи байнулмилалӣ мебошад.

Дар ин бозӣ ба Ишматов доварони паҳлӯи майдон – ассистентҳои довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) ва Сайёд Зайниддинов (Душанбе) кӯмак хоҳад кард. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба зиммаи довари ФИФА Умедҷон Раҳимов аз Қӯрғонтеппа вогузор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.