Тасмими шаҳрдории пойтахт оид ба кӯчонидани биноҳо дар марказ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба кӯчонидани як қатор биноҳои наздик ба майдони асосии «Дӯстӣ»-и пойтахт қарор ба имзо расонид. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба рӯйхати биноҳое, ки дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳр бояд кӯчонида шаванд, биноҳои осорхонаи Ҳунарманди мардумӣ Гурминҷ Завқибеков, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, Вазорати […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба кӯчонидани як қатор биноҳои наздик ба майдони асосии «Дӯстӣ»-и пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба рӯйхати биноҳое, ки дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳр бояд кӯчонида шаванд, биноҳои осорхонаи Ҳунарманди мардумӣ Гурминҷ Завқибеков, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, прокуратураи пойтахт шомиланд.

«Ғайр аз ин, боз 29 адад биноҳои истиқомативу таъиноти тиҷоративу иҷтимоии воқеъ дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Пушкин ва Руставели низ кӯчонида мешаванд», – гуфт як манбаъ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зимни амалисозии Нақшаи генералӣ чор бинои воқеъ дар маркази шаҳр, ки мероси фарҳангиву таърихӣ маҳсуб меёбанд, кӯчонида намешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, биноҳои кохи президент, парлумон, Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва бинои Театри академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба феҳристи мероси таърихии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси пойтат чандин маротиба изҳор кард, ки ҳамаи ҳуқуқҳои моликони биноҳои мавриди кӯчонидан қароргирифта комилан ҳифз шуда, бо салоҳдиди худ онҳо метавонанд аз рӯйи нархи бозор маблағи пулии онро гиранд ё манзили баробарқимат ба он дар пойтахтро соҳиб шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.