Ба Кодекси нави андоз, ки соли 2012 қабул шудаву аз 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт, беш аз 100 тағйирот ворид карда шуд. Ин тағйирот дар ҷаласаи навбатии рӯзи 30-юми июли ҳукумати кишвар қабул гардид.
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов рӯзи чоршанбе ба журналистон дар робита ба ин масъала хабар дод, ки тағйирот дар қисмати соддакунии расмиёти андоз барои бахши соҳибкории хурду миёна сурат гирифтаанд.
«Дар робита ба ҳолати номусоиди низоми андозбандӣ дар масъалаи патенту шаҳодатнома дар тиҷорати хурд баҳсҳои зиёде ба амал омаданд. Зимни таҳияи Кодекси нави андоз мо бештар ба ҷалби бақайдгирии шаҳодатнома такя намудем, зеро низоми патент бояд дар бахши меҳнати хонагӣ ва ҳунармандӣ амал кунад ва боқимонда бояд бо низоми шаҳодатнома фаъолият дошта бошанд, вале на дар ҳама ҷо ин иқдом бо қаноатмандӣ қабул шуд ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки тағйирот ворид намуда, номгӯйи шахсони тибқи патент фаъолиятдошта васеъ карда шавад», – гуфт вазир.
Ба қавли ӯ, аз ин ба баъд кормандони сартарошхонаҳо, шахсони ба меҳнати хонагӣ машғул ва ҳамчунин намояндагони беш аз 20 навъи ҳунармандӣ метавонанд бо патент фаъолият кунанд.
Наҷмиддинов шарҳ дод, ки ба андозбандӣ дар бахши кишоварзӣ низ тағйирот ворид шуда, муҳлати андозбандӣ ба моликони заминҳои лалмӣ то 7 моҳ коҳиш дода шуд, зеро 5 моҳи боқимонда онҳо имкони кор дар замини худ ва пардохти андоз аз онро надоранд.
Вазир ҳамчунин изҳор кард, ки акнун барои майдони тиҷорат андоз на аз ҳар як метри мураббаъ, балки аз як метри муқаррарӣ (тибқи бари нуқтаи фурӯш) ситонида мешавад, ки ҳаҷми андозро нисбатан кам карда, дар тартиботи пардохти андози иҷтимоӣ низ барои категорияҳои ҷудогона, аз ҷумла шахсони машғули кор дар бахши кишоварзӣ тағийрот ворид шудааст.
«Албатта, низоми андозбандӣ мунтазам ба такмил ниёз дорад. Пардохти андозро ҳеҷ касе хуш надорад, вале тартиботи мазкурро мо бояд риоя кунем, чунки ин ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дахл дорад. Назди мардум ҷиҳати таъминоти иҷтимоии онҳо мо ӯҳдадориҳои кафолатнок гирифтаем, ки хеле муҳим аст», – зикр кард вазир.
Наҷмиддинов таъкид намуд, ки ҳадафи аслии қабули Кодекси нави андоз дар соддакунии низоми андозбандӣ ва баробарии ҳуқуқи ҳама дар сармоягузорӣ ифода меёфт. «Масалан, дар Кодекси андози амалкунанда пешбинӣ шудааст, ки сармоягузор ба бахши рушди энергетика ба ҷуз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ, пурра аз пардохти андозҳои боқимонда озод аст. Ба бахшҳои имтиёзнок саноати бофандагӣ низ мансуб буда, агар сармоягузор истеҳсолотро то марҳилаи ниҳоӣ расонад, ба ҷуз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ, дар муддати 12 сол аз пардохти 4 навъи дигари андоз озод карда мешавад», – гуфт вазири молия.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар тартиботи сабт низ усули хеле муҳим ҷорӣ шуда, қаблан агар сармоягузор дар муддати 3 моҳ ба пур кардани сармояи оинномавӣ ӯҳдадор буд, акнун ин муҳлат 12 моҳро ташкил дода, ҳамзамон ӯ метавонад фаъолияти худро оғоз намояд. «Воридоти тамоми таҷҳизоти технологӣ, аз ҷумла техникаи кишоварзӣ низ аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) озод шуд, ки 23% аз ҳаҷми умумии пардохтҳои андозро ташкил мекунад», – афзуд Наҷмиддинов.


