Маҳбус Садриддин Тошев ва адвокати ӯ Файзинисо Воҳидова иштирок дар мурофиаи судиро рад карданд.
Дар мурофиаи навбатии судӣ оид ба баррасии парвандаи маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ки дирӯз, 31-уми июл баргузор шуд, нишондодҳои судшавандагон ва чанде аз шоҳидони аз зиндони Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд интиқолшуда шунида шуд.
Дар ҷараёни мурофиа тафсилоти ҳодисаи лату кӯби маҳбусон дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд возеҳ гардид. Аз ҷумла, маҳбусон изҳор намуданд, ки санаи 5-уми ноябри соли 2012 ҳангоми ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд расидан, аз ҷониби кормандони муассиса бо чӯбҳои резинӣ мавриди лату кӯб қарор гирифта, танҳо ду тан аз зиндониёни пиронсол аз он эмин мондаанд. Аз ҳама бештар маҳбус Садриддин Тошев лату кӯб шудааст, ки ба риояи ҳуқуқҳояш даъват мекардааст.
Хулосаи коршиноси судиву тиббӣ, ки ба қавли судшавандагон 7-уми ноябр бидуни муоинаи воқеъии ҷабрдидагон пешниҳод гардидааст, баёноти маҳкумшудагонро зери шубҳа гузоштааст.
Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, адвокати С.Тошев, чандин дархости тағйири макони баргузории баррасии парванда (аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба бинои суди шаҳр) то ҳанӯз бидуни баррасӣ боқӣ монда, суд онро ба мавҷуд набудани имкони техникӣ ҷиҳати интиқоли маҳкумшудагон нисбат медиҳад.
Аз ҷониби ҳимоя ҳамчунин дархост шудааст, ки тавассути ба муассисаи дигари ислоҳӣ гузаронидани шоҳидони ҷудогона аз ҷумлаи маҳкумшудагон, ки нисбати кормандони муассисаи ислоҳӣ баёнот додаанд, амнияти онҳо таъмин карда шавад.
Адвокат Ф.Воҳидова ва зерҳимояаш С.Тошев аз иштирок дар мурофиаи навбатии судӣ, ки имрӯз дар бинои СИЗО-и №2-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад, то ҳалли мусбати тағйири макони баргузории он дар бинои суди шаҳр ба хотири баррасии кушоду ошкорои парванда даст кашиданд.
Ба андешаи Воҳидова, бо баргузор намудани мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида, ҳукуматдорон намехоҳанд, ки ҷомеа аз вазъи воқеъӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ огоҳ бошад.
Ёдрас мекунем, ки 24-уми июли соли равон, дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев
оғоз гардид
.
Санаи 26-уми июл бошад, дархости маҳбусони зиндони Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар бораи рад шудани айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноятиашонро
суд қонеъ намуд
.
Рӯзи 27-уми июл Файзинисо Воҳидова хабар дод, ки прокурори вилояти Суғд Рауфхон Алиев ба мурофиаи судӣ ҳозир шуда, ба суд дархост оид ба ҷудо шудани вақт барои шиносоӣ бо маводи парванда пешниҳод кард ва аз ин рӯ, мурофиаи навбатӣ ба сешанбеи
30-юми июл гузаронида шуд.
Пайдо шудани
навори видеоӣ дар ВАО
асоси ин айбгузориро ташкил медиҳад. Дар ин навори видеоӣ Ризоев ва Тошев нишонаҳои лату кӯб ва шиканҷаро нишон медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, назоратчиёни зиндони Хуҷанд онҳоро лату кӯб кардаанд.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.


