ҲХДТ ва «Нур Отан» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

Муовини аввали раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи 31-уми июл вакили палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, узви фраксияи парлумонии «Нур Отан»-и ин кишвар Майра Айсинаро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров меҳмони қазоқро бо авзои сиёсию иҷтимоии кунунии ҷумҳурӣ, омодагиҳо ба маъракаи сиёсии интихоботӣ, робитаҳои байналмилалии […]

ASIA-Plus


Муовини аввали раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров рӯзи 31-уми июл вакили палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, узви фраксияи парлумонии «Нур Отан»-и ин кишвар Майра Айсинаро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, Сафар Сафаров меҳмони қазоқро бо авзои сиёсию иҷтимоии кунунии ҷумҳурӣ, омодагиҳо ба маъракаи сиёсии интихоботӣ, робитаҳои байналмилалии ҲХДТ, вазъи минтақа вобаста ба хориҷ шудани неруҳои НАТО аз кишвари ҳамсояи Афғонистон, истифодаи муштараки захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи ҳамдигар ошно сохтааст.

«Ташкилотҳои ҲХДТ дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи интихоботи президенти мамлакат, ҳамчунин ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳо бо аҳзоби кишварҳои хориҷии дуру наздик иқдом варзида, дар ин росто мехоҳем, ки бо ҳизби ҳокими Қазоқистон «Нур Отан» низ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонем», – зикр кардааст муовини аввали раиси ҲХДТ зимни мулоқот.

Ба иттилои манбаъ, вакили палатаи поёни  парлумони Қазоқистон изҳор доштааст, ки дар зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон имконият пайдо кардааст, ки ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда, бо мардуми тоҷик аз наздик суҳбату мулоқотҳо анҷом диҳад ва дар ҳама ҷо ӯ шоҳиди он гардидааст, ки мардум аз сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон, бахусус сарвари мардумии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, бону Майра Айсина перомуни роҳандозии муносибатҳои наздики  миёни аҳзоби сиёсии ҳарду мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид доштааст, ки барои тезонидани ин раванд мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.