Кабирӣ шароит барои раддияро аз Кумитаи телевизион тақозо кард

Рӯзи 31-уми июл Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати ҶТ аз ин ниҳод талаб намудааст, ки шароитро ба масъулини ҳизбӣ барои радия нисбати гузориш аз ноҳияи Мӯъминобод таъмин намояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар нома таъкид мегардад, ки ахиран […]

ASIA-Plus


Рӯзи 31-уми июл Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати ҶТ аз ин ниҳод талаб намудааст, ки шароитро ба масъулини ҳизбӣ барои радия нисбати

гузориш аз ноҳияи Мӯъминобод

таъмин намояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар нома таъкид мегардад, ки ахиран дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ маъракаи васеъи таблиғотӣ алайҳи ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки гоҳо дар он таҳқиру буҳтон нисбати аъзои ҳизб низ ҷой дорад.

«Ин амалҳо хилофи қонунгузории кишвар ва сулҳу ваҳдати миллӣ буда, ба якпорчагӣ ва суботи кишвар зарба мезанад. Агар мақсад аз пахши чунин барномаҳо таъмини гуногунандешӣ ва плюроализми сиёсӣ бошад, зарур аст, ки назари тарафи дигар ҳам дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардад», – баён мешавад дар нома.

Ба иттилои манбаъ, дар нома Кабирӣ бар асоси Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» талаб кардааст, ки шароит ба масъулини ҳизбӣ барои раддия дар ҳамон воситаи ахбори оммаи давлатӣ ва ҳамон вақти пахшгардида таъмин карда шавад.

Ғайр аз ин, худи ҳамин рӯз Муҳиддин Кабирӣ ба унвони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии ҶТ нома ирсол намуда, дархост кардааст, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз Тоҷикистонро шарҳ диҳад.

Дар нома Кабирӣ изҳор доштааст, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, номзади пешбаришуда ба мансаби президенти ҷумҳурӣ бояд аз тарафи панҷ фоизи шаҳрвандони ҶТ тарафдорӣ карда шавад.

«Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд. Бинобар ин, аз КМИР хоҳиш аст, ки то масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи бланкаҳои имзоҳоро дорад, шарҳ диҳед», – зикр мегардад дар нома.

Раиси ҳизб аз роҳбари КМИР ҳамчунин дархост намудааст, ки роҳбарияти ин мақомот эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеъагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.