Натиҷаи вохӯрии Раҳмону Путин: Қарордодҳо ба наздикӣ амалӣ мешаванд

Имрӯз дар шаҳри Маскав мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор гардид. Дар мулоқот маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Маскав мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор гардид. Дар мулоқот маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тавваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои энергетика, муҳоҷирати корӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг зоҳир карда шуд.

Владимир Путин бо қаноатмандӣ изҳор дошта, ки «Русия шарики рақами яки тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз ҳаҷми умумии ҳамкории тиҷоратии хориҷии Тоҷикистон 21 фоизаш саҳми Русия аст». Ӯ ҳамчунин афзуд, ки «ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

Владимир Путин ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маориф баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «наздики 5 ҳазор донишҷӯёни тоҷик ҳоло дар Русия таҳсил мекунанд ва танҳо соли гузашта беш аз 500 нафар аз ҳисоби буҷети Русия ба таҳсил дар мактабҳои олӣ қабул карда шуд».

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин барои даъват ба Маскав арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин мулоқот доир ба масоили гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, муҳоҷирати корӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ тавофуқоти зарурӣ ҳосил мегарданд. 

Гуфтугӯйи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд.

Баррасии дурнамои авзои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014, яъне пас аз ихроҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои анъанавии ҳамшарикии стратегӣ таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.