Баррасии масъалаи депортатсияи муҳоҷирони тоҷик дар Новосибирск

Зимни мулоқоти корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни суди вилояти Новосибирск Анатолий Лебединский оид ба ҳолату шароитҳои ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик бо қарори суд табодули назар сурат гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия бо муовини сардори Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни суди вилояти Новосибирск Анатолий Лебединский оид ба ҳолату шароитҳои ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик бо қарори суд табодули назар сурат гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, барои ба ҳадди ниҳоӣ кам кардани муҳлати нигаҳдории муҳоҷирон дар тавқифгоҳи махсус, ҳамчунин имконоти шаҳрвандон бобати мустақилона пардохт намудани маблағи фиристодан ба ватанро низ мебояд ба инобат гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Раёсати Хадамоти федералии иҷрочиёни суди вилояти Новосибирск низ баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонунгузории федералии Русия, дар ҳолати барои қонушикании будубош бо қарори суд аз қаламрави Русия ихроҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ, муддати 10 рӯзи минбаъда ӯ ҳуқуқ дорад, ки аз болои ин қарор шикоят барад. Пас аз гузашти ин муҳлат то замони ба ватан фиристодан шаҳрванди хориҷӣ дар маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад. Маъмулан вобаста ба вазъ муҳлати нигаҳдорӣ метавонад як моҳ ё аз ин ҳам зиёдтар бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.