Ҳукумати Ӯзбекистон то ҳол иштироки ҳайаташ дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки рӯзҳои 20-22-юми август дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ накардааст.
Сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Хусрав Нозирӣ дар брифинги имрӯза изҳор кард, ки ба ҷуз Ӯзбекистон, дигар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иштироки ҳайатҳояшон дар чорабинии мазкурро тасдиқ намудаанд. «То ҳанӯз аз Тошканд посухи расмӣ дар ин бора нарасидааст», – гуфт номбурда.
Нозирӣ зикр кард, ки як қатор кишварҳои Осиёву Африқо дар сатҳи сарони кишварҳову ҳукуматҳо дар кори конфронс иштирок карданианд. «Аз Афғонистон, Таиланд, Кувайт, Мозамбик, Буркина-Фасо ва Қирғизистон посухҳои расмии тасдиқи иштироки ҳайатҳо гирифта шуда, умедворем, ки сарфи назар аз чанде қабл дар Эрон баргузор шудани интихоботи президентӣ ва дар ҳоли ташаккул қарор доштани ҳукумат, ҳайати Эрон дар сатҳи баланд ширкат хоҳад варзид», – иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Нозирӣ, тақрибан 30 кишвар дар сатҳи вазирон намояндагӣ хоҳанд карда, то ба имрӯз ҳамагӣ 52 кишвар иштироки худро дар Конфронси Душанбе тасдиқ кардаанд. «Зиёда аз 19 мақомоти роҳбарии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кори Конфронс иштирок хоҳанд кард. Гузашта аз ин, теъдоди зиёди коршиносон ва олимон аз тариқи торнамои расмии Конфронс бархат (on-line) сабти ном шудаанд. Ин гурӯҳи иштироккунандагон шаҳрвандони 32 кишвари ҷаҳон ва намояндагони муассисаву созмонҳои гуногун мебошанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 800 нафар барои иштирок дар кори Конфронс то ба имрӯз сабти ном шудаанд», – афзуд намояндаи ВКХ.



