Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки ширкат меварзад, ки он аз 3-юм то 7-уми август дар шахрҳои Бишкек ва Қанди Қирғизистон баргузор мегардад.
Тавре сомонаи расмии ФФТ иттилоъ медиҳад, мусобиқот аз рӯйи низоми давравӣ дар як давра доир мегарданд. Дар мусобиқа ғайр аз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (то 16-сола) дастаҳои футболи Қирғизистон, Озарбойҷон ва Беларус низ ширкат меварзанд. Бозигарони дастаи Чикаши Сузуки бозии аввали худро дар «Ҷоми Дӯстӣ» 3-юми август бо дастаи мизбон-футболбозони Қирғизистон анҷом медиҳанд.
Барои иштирок дар мусобиқот ин мутахассиси ҷопонӣ 18 бозигар, аз ҷумла ду дарвозабон, чаҳор ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва се ҳамлагарро бо худ ба Қирғизистон мегирад.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16):
Дарвозабонон: Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»);
Ҳимоятгарон: Алишер Сафаров (РШВСМ), Абубакр Азимов («Равшан»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Фирӯз Ризомов («Вахш»);
Ҳамлагарон – Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (РШВСМ), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).
Ҳайати роҳбарӣ: Меҳроҷиддин Холов – менеҷери мунтахаб, Чикаши Сузуки – сармуррабӣ, Қаноат Латифов – мураббии калон, Мухтор Қурбонов –мураббии дарвозабонон, Абдусаттор Қаландаров – табиб.
Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»
Даври якум:
3-юми август (шанбе)
18:30 – Озарбойҷон – Беларус
18:30 – Қирғизистон – Тоҷикистон
Даври дуюм:
5-уми август (душанбе)
18:30 – Тоҷикстон-Озарбойҷон
18:30 – Беларус – Қирғизистон
Даври сеюм
7-уми август (чаҳоршанбе)
9:00 – Тоҷикистон – Беларус
10:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон