Дар «Амонатбонк» солгарди Истиқлолро ҷашн гирифтанд

Date:


Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бахшида ба 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо иштироки  раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ва меҳмонон Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Ҳотам ҷаласа баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк», дар ҷаласа кормандони дастгоҳи Раёсати Амонатбонк, мудирони филиалҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияиҳои тобеи марказ ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаро нахуст Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова оғоз намуда, аз дастовардҳои Бонк тӯли солҳои соҳибистиқлоливу ягонагӣ маъруза намуданд. Дар маърузаи худ Гулнора Кенҷаевна аз дастовардҳои Бонк ва тӯли ин солҳо ба пешравиҳои зиёде ноил шудани Амонатбонк мисолҳои зиёде оварда самараи онро аз сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат арзёби намуданд.

Сипас Назри Яздонӣ ва Муҳтарам Каромат ҳозиринро бо Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда  мисолу иқтибосҳо аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва самараи Ваҳдату Истиқлолияти Тоҷикистон ва дастовардҳои мардуми тоҷик дар бахшҳои гуногун тули 22-сол андешаҳои худро баён карданд.

Дар қисмати дуюми ҷаласа бахшида ба ин ҷашни миллӣ Истиқлолияти давлатӣ, 129 нафар кормандони фаъоли Бонк аз тарафи роҳбарияти Раёсат бо Ифтихорномаву Раҳматномаҳо қадрдонӣ шуданд.  Ҳамчунин сардори шуъбаи амалиётии филиали №66 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ВМКБ Саидшо Шоҳзодаев бо мукофоти давлатӣ, медали Хизмати шоиста сазовор гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...