Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 18-20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе дидору мулдоқоти навбатии ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ (ИДМ) доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ,
дар мулоқот масоили баргузории амалиёти муштарак, тарзҳои ҷустуҷӯ ва ошкор сохтани гурӯҳҳои ҷинояткори байнидавлатӣ ва табодули иттилоот дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
«Мулоқот таҳти раисии сардори Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки Кумитаи иҷроияи ИДМ, генерал лейтенанти милиса Александр Боков баргузор хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.


