Шариф Саид раиси Шӯрои кории СҲШ интихоб шуд

Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гардид, ки дар кори он ҳамаи роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви СҲШ ширкат варзиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар ҷаласа оид ба интихоби раиси ПСС ҶТ, раиси Бахши миллии Шӯрои […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) доир гардид, ки дар кори он ҳамаи роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви СҲШ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, дар ҷаласа оид ба интихоби раиси ПСС ҶТ, раиси Бахши миллии Шӯрои кории СҲШ аз Тоҷикистон Шариф Саид ба сифати раиси Шӯрои кории СҲШ қарори дахлдор қабул шуд.

Ба иттилои манбаъ, Сергей Катирин, президенти Палатаи савдо ва саноати Русия ва Юй Пин, раиси Бахши миллии Шӯрои кории СҲШ аз Чин муовинони раиси Шӯрои кории СҲШ интихоб шуданд.

«Ҳамчунин дар ҷаласа як қатор масоили муҳими ҳамкориҳо миёни кишварҳои узви СҲШ баррасӣ шуда, дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ҷаласа таҳти шиори «Дурнамои ҳамкориҳо дар паҳнои СҲШ. Боз кардани бозорҳои нав» ҳамоиши тиҷоратии Шӯрои кории СҲШ баргузор шуд», – зикр карданд дар хадамоти матбуоти ПСС ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.