Баррасии рушди иқтидори транзитии ОМ то давраи соли 2020 дар Душанбе

Дар ҳошияи кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё)дар Душанбе, имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» баргузор мешавад. Дар кори конфронси мазкур аз иштироки ҳайатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Литва, Туркманистон […]

ASIA-Plus


Дар ҳошияи кори ҷаласаи даҳуми ҷашнии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Роҳи нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё)дар Душанбе, имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2020» баргузор мешавад.

Дар кори конфронси мазкур аз иштироки ҳайатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Булғория, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Литва, Туркманистон ва ҳамчунин чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Дар ҷаласаи рӯзи аввал масоили рушди роҳи байнулмилалии нақлиётии ТРАСЕКА то соли 2015 ва нақшаи амал дар ин самт баррасӣ шуд. Ҳамчунин атрофи масоили дигари марбут ба ҳамгиройии нақлиётии кишварҳои узви барнома табодули назар сурат гирифта, аз рӯйи натоиҷи чорабинии мазкур имзои Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байнулмилалии нақлиёти автомобилӣ ва ҳамчунин Конфронси аврупоии авиатсияи гражданӣ пешбинӣ гардидааст.

Ғайр аз ин, маросими гузаштани раёсат дар Комиссияи байниҳукуматии ТРАЕСЕКА аз Руминия ба Тоҷикистон доир гардида, қатъномаҳои ниҳоии ҷаласа имзо ва Эъломияи Душанбе қабул карда мешавад.

Барномаи ТРАСЕКА дар конфронси Брюссел 3-юми майи соли 1993 таҳия гардид. Дар он вазирони нақлиёти 8 давлат, 5 давлати Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва 3 давлати минтақаи Қафқоз (Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон) иштирок доштанд.

Дар конфронс оид ба ҷорӣ кардани барномаи кӯмаки техникӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои рушди роҳи нақлиётӣ ба самти Ғарб – Шарқ, аз Аврупо бо убури Баҳри Сиёҳ ва Каспий бо хурӯҷ ба Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ мешавад, созишнома ба имзо расид.

Соли 1996 ба Барномаи ТРАСЕКА Украина, Муғулистон ва сипас Молодова, соли 2002 Булғористон, Руминия ва Туркия қабул карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.