Ду субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – ман ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов ба сифати узви палатаи болоии парлумони кишвар ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро пешниҳод кардем, ки мутобиқи он назорат аз болои афроди саркаш аз пардохти алиментҳо мебоист шадидтар карда мешуд. Ин нуктаро дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёни парлумон, ҳуқуқшиноси касбӣ Саодат Амиршоева баён кард.
«Тибқи тағйироти пешниҳодшудаи мо, Вазорати адлия ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумат мебоист пойгоҳи маълумот дар бораи афроди саркаш аз пардохти алиментҳоро тартиб дода, ба ин афрод барои ба хориҷи кишвар сафар кардан иҷозат дода намешуд, аммо пешниҳодоти мо аз ҷониби ҳукумат пазируфта нашуд», – иброз дошт Амиршоева.
Дар идома ӯ зикр кард, ки дар вазъи имрӯзаи кишвар тадбирҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ин афрод қариб бесамаранд ва Конвенсияи дар доираи ИДМ имзошуда дар бораи муносибатҳои оилавӣ низ ба ҳалли ин мушкилот қодир нест.
«Имрӯз метавон садҳо далелҳоеро мисол овард, ки мардон ба муҳоҷирати корӣ озими Русия шуда, солҳо наздикону оилаҳои худро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намекунанд. Дар натиҷа сол то сол сафи оилаҳои афгор, кӯдакони бесавод, талбандаву гадо ва ҷинояткорони имонпазир дар ҷомеа меафзояд», – изҳор кард вакил.
Ба эътиқоди Амиршоева, бо мурури замон ҳукумати Тоҷикистон ҳатман ба ҳалли мушкилоти марбут ба пардохт нашудани алиментҳо бармегардад.



