Раиси шаҳри Кӯлоб: Партовҳо акнун даромад меоранд


Чанде қабл дар як мавзеи канори шаҳри Кӯлоб корхонаи безараргардонии партовҳои маишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» Ҷумъа Ғуломов хабар дод, корхона бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизоти корхона аз Русия харидорӣ шуда, хатти технологии он ба коркарди 250 тонна партовҳои маишӣ дар як баст қодир аст.

«Айни замон дар корхона истеҳсоли биокомпост (нурии минералӣ барои замин) роҳандозӣ шуда, ояндаи наздик насби таҷҳизот барои истеҳсоли қубур ва плёнкаҳои полиэтиленӣ аз партовҳои маиширо оғоз мекунем», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки феълан 30 нафар дар корхона машғули кор буда, давоми моҳ шумори ҷойҳои корӣ ба 50 нафар расонида мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки барои шаҳр ин рӯйдоди муҳим аст, «зеро барои ҷустуҷӯи макони партовҳои маишӣ хаста шуда будем ва акнун ин партовҳо даромад меоранд».

spot_imgspot_img

Популярное