Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон

Зимни мулоқоти чанде қабли вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масоили рушду таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои савдову ҷалби сармояи ширкатҳои озарбойҷонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии […]


Зимни мулоқоти чанде қабли вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масоили рушду таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои савдову ҷалби сармояи ширкатҳои озарбойҷонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар ҶТ, дар вохӯрӣ атрофи ҷараёни иҷрои бевоситаи Созишномаи ҷонибҳо дар бораи савдои озод, тарофаҳои гумрукӣ ва боҷ барои маҳсулоти воридотӣ аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, ки миёни кишварҳо 5 сол пеш ба имзо расида буд, табодули назар сурат гирифта, зикр гардид, ки баҳри рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ҷонибҳо ҳанӯз аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намекунанд.

Шариф Раҳимзода пешниҳод намуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти ширкату корхонаҳои Озарбойҷон баргузор карда шавад.

Дар маҷмӯъ ҷонибҳо рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо дар бахшҳои гуногунро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон каме бештар аз 5,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 87% камтар ва пурра ба воридоти маҳсулот аз Озарбойҷон рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.