Нархи гандуму орд дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

Бино ба пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тӯли моҳҳои оянда ба туфайли ҳосили хуби баландтар аз сатҳи миёна нархи орду гандуму маҳаллӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад. «Бо анҷоми ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани ин гуна маҳсулоти воридотии арзон аз Қазоқистон, нархи маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум поин […]


Бино ба пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тӯли моҳҳои оянда ба туфайли ҳосили хуби баландтар аз сатҳи миёна нархи орду гандуму маҳаллӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад.

«Бо анҷоми ҷамъоварии ҳосил дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани ин гуна маҳсулоти воридотии арзон аз Қазоқистон, нархи маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум поин меравад ё устувор боқӣ мемонад», – гуфта мешавад дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон, ки ҳар моҳ тибқи лоиҳаи Барномаи рушдии СММ аз ҷониби Вазорати мазкур омода мегардад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки моҳи август нархҳо ба маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум дар бозорҳои кишвар устувор буданд.

Ба иттилои Вазорат, аввали моҳи сентябр нархи миёнаи як халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 128 сомонӣ (27 $) ва аввали моҳи август – 130 сомониро ташкил додааст. Нархи миёнаи як халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон бошад, дар бозорҳои пойтахт аввали ҳамин моҳ 135 сомонӣ (28,3$) ва аввали моҳи август – 130 сомониро ташкил додааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.