Раиси шаҳри Кӯлоб: Партовҳо акнун даромад меоранд

Чанде қабл дар як мавзеи канори шаҳри Кӯлоб корхонаи безараргардонии партовҳои маишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» Ҷумъа Ғуломов хабар дод, корхона бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизоти корхона аз Русия харидорӣ шуда, хатти технологии он ба коркарди 250 тонна партовҳои маишӣ дар […]


Чанде қабл дар як мавзеи канори шаҳри Кӯлоб корхонаи безараргардонии партовҳои маишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари хоҷагии деҳқонии «Наврӯз» Ҷумъа Ғуломов хабар дод, корхона бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, таҷҳизоти корхона аз Русия харидорӣ шуда, хатти технологии он ба коркарди 250 тонна партовҳои маишӣ дар як баст қодир аст.

«Айни замон дар корхона истеҳсоли биокомпост (нурии минералӣ барои замин) роҳандозӣ шуда, ояндаи наздик насби таҷҳизот барои истеҳсоли қубур ва плёнкаҳои полиэтиленӣ аз партовҳои маиширо оғоз мекунем», – иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки феълан 30 нафар дар корхона машғули кор буда, давоми моҳ шумори ҷойҳои корӣ ба 50 нафар расонида мешавад.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки барои шаҳр ин рӯйдоди муҳим аст, «зеро барои ҷустуҷӯи макони партовҳои маишӣ хаста шуда будем ва акнун ин партовҳо даромад меоранд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.