Ба ҳимояи Зайд Саидов шояд адвокати бритониёӣ бипайвандад

Ба ҳимояи соҳибкори маъруф Зайд Саидов шояд адвокати бритониёӣ Анна Хедман бипайвандад. Яке аз адвкоатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки зимни муроифиаи имрӯза ҷониби ҳимояи соҳибкор ддар ин бора дархости дахлдор пешниҳод намуда, суд онро баррасӣ ва дар мурофиаи навбатии рӯзи 23-юми сентябр қарори худро дар ин хусус изҳор медорад. […]

ASIA-Plus


Ба ҳимояи соҳибкори маъруф Зайд Саидов шояд адвокати бритониёӣ Анна Хедман бипайвандад.

Яке аз адвкоатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки зимни муроифиаи имрӯза ҷониби ҳимояи соҳибкор ддар ин бора дархости дахлдор пешниҳод намуда, суд онро баррасӣ ва дар мурофиаи навбатии рӯзи 23-юми сентябр қарори худро дар ин хусус изҳор медорад.

Анна Хедман узви Ассотсиатсияи байнулмилалии адвокатҳо буда, яке аз мутаххасисони варзидаи касби худ ба шумор меравад.

Ба қавли Ш.Қудратов, дар мурофиаи имрӯза соҳибкори қазоқ Серикбол Окушев бозпурсӣ шуда, ӯ баёноти зимни тафтишот додаашро тасдиқ намудааст. «Маҳз бо аризаи ӯ нисбати Саидов мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд», – иброз дошт адвокат.

«Аз ҷониби адвокатҳо ба суд ҳуҷҷатҳои хатттие пешниҳод гардиданд, ки баёноти Окушевро инкор мекунанд ва мо дархост намудем, ки онҳо ба маводи парванда замима шаванд. Суд дархостро қонеъ карда, баъдтар ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», – афзуд Қудратов.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.