О. Бобоназарова: ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дағалона вайрон мешаванд

Ойни ҳ ол Бобоназарова, номзад ба вазифаи Президенти  Ҷ Т аз ҷараёни маъракаи пешазинтихобот ӣ  изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар баёнияаш мег ӯ яд: “Вазъи торафт бадшавандаи пешазинтихоботӣ,  ки вобаста ба он ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дағалона ва ба таври оммавӣ вайрон мешаванд, боиси ташвишу нигаронии ҷиддист”. Бобоназарова  ҳамчунин мегӯяд, ки  раванди устувори маҳдудкунии ҳарчи бештари […]

Азия-Плюс


Ойни


ҳ


ол Бобоназарова, номзад ба вазифаи Президенти 


Ҷ


Т


аз ҷараёни маъракаи пешазинтихобот


ӣ


 изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ дар баёнияаш мег


ӯ


яд: “Вазъи торафт бадшавандаи пешазинтихоботӣ, 


ки вобаста ба он ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дағалона ва ба таври оммавӣ вайрон мешаванд, боиси ташвишу нигаронии ҷиддист”.



Бобоназарова

 ҳамчунин мегӯяд, ки 


раванди устувори маҳдудкунии ҳарчи бештари ҳуқуқҳои конститутсионии қариб 1,5 миллион ҳамватанони бурунмарзӣ барои ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 35 %-и теъдоди умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд, мушоҳида мешавад. Комиссияи марказии итихобот (КМИ) бо ҳар баҳона талаби Нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро аз хусуси пешгирии  истибдод ва барқарорсозии ҳуқуқҳои заъфшудаи конститутсионии ин нафарон, ки аз имкони ширкат дар ҷамъоварии


 


имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо маҳрум шудаанд, нодида гирифт. Зимнан бархилофи мантиқи худаш аз хусуси гӯё имконнопазир будани таъсиси шароит барои изҳори чунин


 


ҷонибдорӣ дар хориҷи кишвар, КИМ, бо вуҷуди ин, ҳамватанони бурунмарзиро дар рӯйхати умумии интихобкунандагон, ки барои муайян сохтани ҳадди панҷфоизаи имзоҳо чун шарти пешбининамудаи қонун барои бақайдгирии номзадҳо зарур аст, ҳанӯз нигаҳ медорад.


Ойни


ҳ


ол Бобоназарова дар мавриди ташкили уча


стка


ҳ


ои интихобот


ӣ


 дар хори


ҷ


и кишвар мегӯяд


, и


қдоми навбатии бағоят нигаронкунандаи


 


ин мақоме, ки таҳти салоҳияти Президенти мамлакат ба фаъолият мепардозад, қарор аз хусуси ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷа аст, ки теъдоди нокифояашон, бахусус


 


дар Федератсияи Россия (ҳамагӣ 24), беш аз як миллион ҳамватанони моро аз овоздиҳи маҳрум месозад.





Дувум, КИМ, ҳамчунон ки Парламенти мамлакат қаблан ташаббуси марбутаи қонунгузории вакилони алоҳидаро рад намуд, ба пешниҳод аз хусуси ба ҳайати комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва участкавӣ ворид кардани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба хотири пешгирии тақаллуб зимни баррасии натиҷаҳои овоздиҳӣ розӣ нашуд. Бо вуҷуди


 


мухолифати рӯирости мавқеъгирии мазкур ба конститутсия ва боз ҳам бархилофи мантиқи худаш КИМ ҳайати комиссияҳои номбурдаро тарзе  муайяну тасдиқ кардааст, ки аъзои


 


Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким, ки сарвариаш бар ӯҳдаи Президенти кунунии кишвар аст, ба он роҳ ёфтаанд.


Савум, ба раванди интихобот нерӯи маъмурӣ ҳамаҷониба ҷалб шудааст ва хулосаи мазкурро ҳолатҳои зиёди саркашии намояндагони Президенти мамлакат – раисони ноҳия ва ё шаҳрҳо – аз иҷрои ӯҳдадориҳои бевоситаи муқаррарнамудаи КИМ бобати тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳост собит месозанд. Дар назари авввал сухан аз хусуси расмиётест содда, вале бо ҳар баҳона дар аксари мутлақи ҳолатҳо то  ба ҳол маъмурини зикршуда аз риояи он рӯ метобанд ва бегумон, бо мақсади ғайриимкон гардонидани ҷамъоварии шумораи лозимии имзоҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ташаббускори ман дар мӯҳлати муқарраршуда мамониат эҷод мекунанд”.


 





Зарур медонам арз намоям, ки вазъи бамиёномада ягон мутобиқат ба принсипҳои тариқи Конститутсия эъломшудаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд надорад, хатарест басо ҷиддӣ


 


барои шаҳрвандон дар робита ба ҳуқуқҳои интихоботиашон, қонуниятро бадном мекунад ва мамониати сангинест барои таъмини амали бевоситаи Конститутсия ва татбиқи ҳуқуқу


 


озодиҳои кафолатдодашудаи инсон ва шаҳрванд.


Ҳолатхои зикршуда инчунин аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро, ки аз созишномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, сарфи назар мекунад. Бахусус, боист моддаи 25 Паймони байналхалқии Тоҷикистон эътирофнамударо доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ ёдрас шуд, ки мутобиқи он ҳар як шаҳрванд бидуни ягон гуна табъиз ва маҳдудияти


 


беасос ҳуқуқ ва имкони овоздиҳӣ ва интихоб шуданро дар интихоботи воқеъии давра ба давра, ки дар асоси ҳуқуқи ҳамагонии интихоботии баробар тавассути овоздиҳии пӯшида ва  бо таъмини озодии ихтиёр аз ирода доир мегардад, бояд доро бошад


.


Бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониам аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд – даъват мекунам, то ки риояи қонуниятро таъмин намояд ва шароити мусоиди заруриро барои ташкилу гузаронидани интихоботи воқеан ҳам демократӣ муҳайё созад, – 


 изҳор медорад Ойни


ҳол Бобоназарова


.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.