Дар Сочи намоишгоҳи «Ҳадяи табиати Тоҷикистон» баргузор шуд

Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҳадяи табиати Тоҷикистон» намоишгоҳ доир гардид. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, беш аз ҳазорон нафар сокинони шаҳр баҳри шиносоӣ бо фарҳангу расму оин ва харидани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба майдони назди бандари баҳрии […]


Рӯзи 22-юми сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҳадяи табиати Тоҷикистон» намоишгоҳ доир гардид.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, беш аз ҳазорон нафар сокинони шаҳр баҳри шиносоӣ бо фарҳангу расму оин ва харидани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба майдони назди бандари баҳрии шаҳр гирдиҳам омаданд.

Ба кори намоишгоҳ муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ва ҳамчунин намояндаи маъмурияти шаҳри Сочи ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар маросими ифтитоҳ зикр гардид, ки кишоварзони тоҷик 540 тонна сабзавоту мева ва маҳсулоти корхонаҳои коркарди ҷумҳуриро ба маърази тамошову харид гузошта, нархҳои маҳсулот нисбат ба бозор арзонтар аст.

М.Эгамзод қайд кард, ки сокинону меҳмонони шаҳри Сочи ба намоишгоҳ таваччӯҳи зиёд зоҳир намуда, назди ҳозирин дастаҳои мусиқиву рақсии «Дарё», «Ориё», «Гулрез», «Ҷаҳоноро» ва дигар устолони санъати тоҷик ҳунарнамоӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.