Оғози баррасии масъалаи тасдиқи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар парлумон

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани […]


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун ҶТ «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи нақлиёт», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар бораи Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18-уми сентябр президент Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.