Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғду Хатлон 400 адад силоҳи оташфишон мусодира карданд

Қӯрғонтеппа/Хуҷанд. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 259 адад силоҳи оташфишонро мусодира карданд, ки онҳо аз 102 автомат, 43 туфангча, 59 карабин, 70 милтиқи шикорӣ, 1 дастгоҳи тарканда ва 30-то навъи дигари аслиҳаи оташфишон иборат мебошанд. Сардори ситоди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маъдиев мегӯяд, дар 8 моҳи […]

Сайраҳмон Назриев/Мавлуда Рафиева


Қӯрғонтеппа/Хуҷанд. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 259 адад силоҳи оташфишонро мусодира карданд, ки онҳо аз 102 автомат, 43 туфангча, 59 карабин, 70 милтиқи шикорӣ, 1 дастгоҳи тарканда ва 30-то навъи дигари аслиҳаи оташфишон иборат мебошанд. Сардори ситоди Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Маъдиев мегӯяд, дар 8 моҳи соли гузашта 324 адад силоҳи оташфишон мусодира шуда буд.




Тайи ҳамин давра дар вилояти Суғд 164 адад силоҳи оташфишон мусодира гардидааст, ки он аз 3 автомат, 4 туфангча, 1 норинҷакандоз, 7 адад силоҳи буранда ва 150 силоҳи милаш ҳамвор, 2 норинҷак ва 257 тир иборат аст. Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 243 адад баробар буд. Дар давраи мазкур дар вилояти Суғд бо истифода аз силоҳи оташфишон як ҷиноят содир карда шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.