Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Покистонро табрик кард

              Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ ба муносибати ба ин маснад интихоб гардиданаш барқияи шодбош ирсол намуд.             Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар барқия, аз ҷумла зикр шудааст, ки «Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев








 




           

Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ ба муносибати ба ин маснад интихоб гардиданаш барқияи шодбош ирсол намуд.






           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар барқия, аз ҷумла зикр шудааст, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносиботи ҳамкории миёни кишварҳоро қаноатбахш ва барои тарафайн судманд арзёбӣ менамояд».






           

«Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон минбаъд низ бар асоси риояи баробарҳуқуқиву эҳтироми ҳамдигарӣ ва назардошти манфиатҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт ва аз фурсат истифода бурда, изҳор менамоям, ки дар ҳамдастӣ бо Шумо омодаам, баҳри рушду таҳкими муносибатҳо тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода намоям», – гуфта мешавад дар барқия.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.