Дар Рашт нерӯгоҳи нави хурди барқӣ ба кор даромад

Рӯзи 26-уми сентябр дар ноҳияи Рашт бо иштироки вазири энергетика ва саноати Гул Шералӣ маросими кушодашавии нерӯгоҳи барқӣ-обии хурди «Тутак» баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, сохтмони иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, маблағи лоиҳавии иншооти НБО-и хурди «Тутак» беш аз 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва иқтидори солонаи он истеҳсоли […]

ASIA-Plus


Рӯзи 26-уми сентябр дар ноҳияи Рашт бо иштироки вазири энергетика ва саноати Гул Шералӣ маросими кушодашавии нерӯгоҳи барқӣ-обии хурди «Тутак» баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, сохтмони иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, маблағи лоиҳавии иншооти НБО-и хурди «Тутак» беш аз 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва иқтидори солонаи он истеҳсоли 586 кВт /соатро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, таҷҳизотҳои иншооти мазкур аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда шуда, айни ҳол нерӯгоҳ дар ҳолати беборӣ кор карда истодааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, айни замон корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони боз 14 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар қаламрави Тоҷикистон идома дошта, мавриди истифода қарор додани нисфи он то ахири сол дар назар аст.

Феълан шумори нерӯгоҳҳои хурдӣ обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон 305 ададро ташкил дода, иқтидори умумии онҳо ба беш аз 25 ҳазор кВт баробар аст. Аз шумори умумии ин нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҳамагӣ 113-тоаш фаъоланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.