Анонс
– 28
сентябр
дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и пойтахт маросими муаррифии шаҳраки саноатии Гуанчжоу New City доир мегардад, ки чанде қабл дар ҳавзаи Қошғари Чин бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бунёд шудааст. Оғоз соати 10:00;
– 28
сентябр
дар Қирғизистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: масоили таъсиси фазои ягонаи таҳсил» конфронси минтақавӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки то 1-уми октябр идома меёбад;
– 28-29-
уми
сентябр дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ (СДЮШОР) №4-и шаҳри Душанбе дар ду дараҷаи синнусолӣ – 1994-1997 ва 1998-2004 мусобиқот оид ба шиноварӣ баргузор мешаванд;
– 29
сентябр
Академияи хурди улуми ҶТ толибилмони синфҳои болоӣ (синфҳои 8-10)-ро ба Рӯзи дарҳои боз даъват мекунад. Суроға: хиёб. Рӯдакӣ, 33;
– 29
сентябр
дар Анталия (Туркия) мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба камонварӣ оғоз мегардад. Дастаи Тоҷикистонро Тилло Саидов, Маҳмуд Амиров, Рамзиддин Комилов, Миралӣ Мақсудов, Мавзуна Азимова, Робия Низомова ва Фирӯза Зубайдова намояндагӣ мекунанд;
– 29
сентябр
дар доираи даври интихобии мусобиқоти Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дастаи Тоҷикистон бо дастаи Лубнон қувваозмоӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 18:50 (вақти Душанбе);
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7685
сомонӣ;
1
евро
– 6.4806
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1
500
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
2002
– Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ дар марз ба кор шурӯъ кард.
1898-1940
– Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Сурен Шадунс.
1948 –
Мавлуди доктори илми геология Мададбек Тоҷикбеков.
1953 –
Зодрӯзи олимаи соҳаи тиб Дилбар Абдиева.
1951
– Мавлуди математик Сайфулло Бобоев.
1954
– Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Олимов.
1957
– Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шарифов.
1958
– Зодрӯзи мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.
1971
– Мавлуди рӯзноманигор Валиҷон Баёнӣ.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +23+28.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +20+25; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +7+9 рӯзона +25+27.



