Имрӯз ҲНИТ ният дорад барои маҳкумшудгони шаш муассисаи ислоҳотӣ ифтор ташкил намояд

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният дорад барои маҳкумшудагони шаш муассисаи ислоҳотӣ, ки панҷтоаш дар пойтахт воқеъанду яктои он дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ифтори моҳи шарифи Рамазон ташкил намояд. Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи нахустин […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният дорад барои маҳкумшудагони шаш муассисаи ислоҳотӣ, ки панҷтоаш дар пойтахт воқеъанду яктои он дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, ифтори моҳи шарифи Рамазон ташкил намояд.




Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи нахустин даҳаи моҳи Рамазон, ки Даҳаи раҳмат ном дорад, доир мегардад. Ӯ таъкид сохт, ки ҳизб ин иқдомро аз назари ҳадафи хайрия доштани он бахусус дар моҳи Рамазон ва дастгирии тарафдорону аъзои

 

ҳизб дар миёни маҳбусон роҳандозӣ мекунад.



«Миёни маҳбусон собиқ размандагони нерӯҳои мухолифини тоҷик, чанде аз фаъолони ҳизби мо ва тарафдорони ҳизби мо адои ҷазо мекунанд», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.



Дар ҳамин ҳол, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли равон ҳатто Исроил дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон шаш нафар мусулмонони гаравгон гирифташударо озод намуд, – гуфт ӯ. – Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон низ ба чунин иқдом даст мезад ва мо имкон пайдо мекардем, ки аз президент дархост намоем, то аъзои ҳизби моро, ки ба иттиҳоми узвият дар равияҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, афв карда шаванд». Қ.Садриддинов зикр кард, ки аз шумораи мушаххаси зиндониёне, ки аъзои ҳизб ҳастанд, огоҳ нест, вале таъкид сохт, ки «ба ҳар ҳол, шумораи онҳо кам нест».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.