Туҳфаи иштирокчиёни пойгаи автомобилии СААД ба марзбонони тоҷик

Иштирокчиёни пойгаи автомобилии «Дар муттаҳидӣ мо нерӯем», ки бахшида ба 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» (СААД) мегузарад, дар Душанбе ба пойга хотима бахшида, рӯзи якшанбе ба марзбонони тоҷик мотосиклҳо тақдим мекунанд. Бино ба иттилои сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов, мотосиклронон (байкерҳо) Александр Бордюжа, Александр Косирев ва Алексей Ноздратенко бо мотосиклҳои навъи M1NSK беш аз 10 […]

ASIA-Plus


Иштирокчиёни пойгаи автомобилии «Дар муттаҳидӣ мо нерӯем», ки бахшида ба 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ» (СААД) мегузарад, дар Душанбе ба пойга хотима бахшида, рӯзи якшанбе ба марзбонони тоҷик мотосиклҳо тақдим мекунанд.

Бино ба иттилои сухангӯи СААД Владимир Зайнетдинов, мотосиклронон (байкерҳо) Александр Бордюжа, Александр Косирев ва Алексей Ноздратенко бо мотосиклҳои навъи M1NSK беш аз 10 ҳазор километри қаламрави кишварҳои узви СААД-ро тай намуда, техникаи муҳаррикиро ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон месупоранд.

Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад дар як автомашинаи ҳамроҳ се адад мотосикли навъи M1NSK-и нав оварда мешавад. Ин навъи мотосиклҳо барои ҳаракат дар бероҳаву теппаҳо ва манотиқи куҳсор хеле созгор аст.

Қобили зикр аст, ки пойгаи автомобилии мазкур аз ҷониби намояндагони доираҳои дӯстдорони пойгаҳои автомобилии Русия бо дастгирии Котиботи СААД созмон дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.