Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта ба нисф расид

Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ беш аз нисфи ҳосили пахтаи тибқи нақша пешбинишуда дар соли равонро ҷамъоварӣ намуданд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон миқдори ҳосили пахтаи ҷамъоваришуда беш аз 215 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ба 53%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. Гуфта мешавад, то имрӯз кишвоварзони вилояти Хатлон зиёда аз 167,5 ҳазор тонна, […]

ASIA-Plus


Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ беш аз нисфи ҳосили пахтаи тибқи нақша пешбинишуда дар соли равонро ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон миқдори ҳосили пахтаи ҷамъоваришуда беш аз 215 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ба 53%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Гуфта мешавад, то имрӯз кишвоварзони вилояти Хатлон зиёда аз 167,5 ҳазор тонна, вилояти Суғд – каме бештар аз 42 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – 5,7 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд. «Дар майдонҳои кишти пахтаи ҷумҳурӣ беш аз 200 ҳазор нафар ба ғунучини ҳосили пунбадона машғуланд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.