Ҳукумат ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони Роғунро 33% зиёд мекунад

Барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2014 ҳукумат ният дорад, аз буҷети давлатӣ 1 млрд. 400 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кунад, ки нисбат ба маблағи пешбинишудаи соли равон 33% бештар аст. Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 зикр мегардад, ки аз ин маблағ 60 млн. сомонӣ (12,3% зиёдтар нисбат ба соли 2013) ба ихтиёри маъмурияти […]

Заррина Эргашева


Барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2014 ҳукумат ният дорад, аз буҷети давлатӣ 1 млрд. 400 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кунад, ки нисбат ба маблағи пешбинишудаи соли равон 33% бештар аст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 зикр мегардад, ки аз ин маблағ 60 млн. сомонӣ (12,3% зиёдтар нисбат ба соли 2013) ба ихтиёри маъмурияти минтақае, ки зери об мемонад, гузошта мешавад.

Соли 2014 дар маҷмӯъ барои сохтмони асосӣ аз ҳисоби сармоягузориҳои мутамаркази давлатӣ ҷудо кардани 2 млрд. 723,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ – 1 млрд. 30,2 млн. ва иншооти иқтисодӣ – 1 млрд. 468,7 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014-ро ҳукумат маъқул шуморида, ҷиҳати баррасӣ ба парлумон пешниҳод кардааст. Дар навбати худ, то тасдиқ ва қабули он, парлумон ба ворид намудани тағйироту илова ба он ҳуқуқ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.