Дар ҷануби кишвар тамрини низомии мақомоти қудратии Тоҷикистону Русия оғоз гардид

Душанбе. 10-уми сентябр – Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия – «Центр-2008» дар ҷануби кишвар оғоз ёфтаанд. Павел Конев, ёвари фармондеҳи аршади пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, мегӯяд, ҳудудан якуним ҳазор низомиёни рус, кормандони вазорати умури дохилӣ ва масъулони амниятии Тоҷикистон дар ин тамринҳо роҳҳои нави мубориза бо терроризмро хоҳанд омӯхт. Ба гуфтаи ӯ, дар ин […]

ozodi.org


Душанбе. 10-уми сентябр – Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия – «Центр-2008» дар ҷануби кишвар оғоз ёфтаанд. Павел Конев, ёвари фармондеҳи аршади пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, мегӯяд, ҳудудан якуним ҳазор низомиёни рус, кормандони вазорати умури дохилӣ ва масъулони амниятии Тоҷикистон дар ин тамринҳо роҳҳои нави мубориза бо терроризмро хоҳанд омӯхт.




Ба гуфтаи ӯ, дар ин тамринҳо 300 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомӣ истифода мешаванд. Қарор аст, ин тамрини муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар маҳалли Момирак, 200 – километрии шаҳри Душанбе, хотима ёбад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.