Ҷаласаи нахусти баррасии даъвои ҲНИТ нисбат ба шабакаҳои телевизионӣ

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз ҷаласаи нахусти судӣ оид ба баррасии даъвои ҲНИТ нисбат ба ҷавобгар – Кумитаи телевизиону радио ва ҳамҷавобгарон – шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» баргузор шуд. Ҷаласи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров мегузарад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров хабар дод, […]

Аваз Юлдошев


Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз ҷаласаи нахусти судӣ оид ба баррасии даъвои ҲНИТ нисбат ба ҷавобгар – Кумитаи телевизиону радио ва ҳамҷавобгарон – шабакаҳои телевизионии «Сафина», «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» баргузор шуд. Ҷаласи судӣ таҳти раёсати муовини аввали раиси суд Ҳафиз Темуров мегузарад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҲНИТ Бузургмеҳр Ёров хабар дод, суд ба Кумитаи телевизиону радио ҷиҳати пешниҳоди назари худ оид ба даъво то санаи 14-уми октябр муҳлат дод.

«Дар ҷаласаи судӣ ҳуқуқшиноси ҷониби ҷавобгар изҳор намуд, ки бо мазмуни даъво шинос нест ва аз суд дархост кард, ки барои ин ба ӯ муҳлат диҳанд», – гуфт Ёров.

Ба қавли ӯ, дар даъво далеҳои зиёди туҳмат нисбати ҲНИТ ва ҷонибдорони он пешниҳод гардидаанд.

Ёдрас мекунем, ки

санаи 19-уми сентябр

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ барои «фаъолиятҳои сиёҳкунанда» бар зидди ин ҳизб ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат кард, ки «ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ»-ро қатъ намуда, аз он расман узр пурсад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.