Ҷияни Ҳукумов гунаҳкори садамаи фоҷеабор дар Душанбе

Дар садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми дирӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дода, бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд, ҷияни роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов – Ҳукумов Асрор Нуруллоевичи 21-сола гунаҳкор будааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ […]

Аваз Юлдошев


Дар садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми дирӯз дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дода, бар асари он се нафар ба ҳалокат расидаву боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд, ҷияни роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Амонулло Ҳукумов – Ҳукумов Асрор Нуруллоевичи 21-сола гунаҳкор будааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҷабрдидагон аз ин садама кормандони чойхонаи «Роҳат» буда, маълум аст, ки писари директори чойхона ба ҳалокат расидааст.

«Асрор Ҳукумов осеби ҷиддие надида, танҳо баъзе ҷойи баданаш озору лат хӯрдаанд», – иброз дошт манбаъ.

Дар иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ зикр гардида буд, ки суръати хеле баланди автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами давлатиаш ВМ 20-20 РТ 01 ба ин ҳодиса боис гардидааст.

Ин автомашина ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ, дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба  автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014  рақами давлатиаш  80-36 ВВ 01, ки аз кӯчаи  Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад

Дар натиҷаи ин бархӯрд,  ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири  дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.