Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар то ҳол пайдо нагардидааст

            Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар километри 540-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Рӯшон садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар, ки хоҳари ронанда аст, то ҳол пайдо нагардидааст. Ронанда ва захмбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.             Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар километри 540-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Рӯшон садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар, ки хоҳари ронанда аст, то ҳол пайдо нагардидааст. Ронанда ва захмбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.





           

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ронандаи автомашинаи навъи «Нисан» сокини Рӯшон, Алим Толиббекови-35 сола суръати ҳаракати мошинро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд, ки дар натиҷа мошин ба дарёи Панҷ сарозер мегардад. Айни замон наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони маҳаллӣ ҷасади хоҳари 24-солаи ронандаро ҷустуҷӯ мекунанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.