Сафири Русия мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик кард

            Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик кард. Дар табрикот, аз ҷумла гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бебозгашт роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагиро пеш гирифта, нуфузашро торафт дар арсаи байнулмилалӣ баланд ва тавассути роҳандозии ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ устуворона ба бунёди ҷомеаи […]

Далер Ғуфронов



           



Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик кард.




Дар табрикот, аз ҷумла гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бебозгашт роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагиро пеш гирифта, нуфузашро торафт дар арсаи байнулмилалӣ баланд ва тавассути роҳандозии ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ устуворона ба бунёди ҷомеаи демократӣ гом мебардорад.



«Русия муносиботи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро, ки шарики стратегӣ ва мӯътамади мост, назаррасу пураҳамият арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ менамояд, ки минбаъд низ муносиботи ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо, ки ҳамеша ба анъанаҳои дӯстии беназир ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя намуда, барои некӯҳволӣ ва беҳбуди мардуми кишварҳо нигаронида шудааст, боз ҳам густариш хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар табрикот.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.