ХМ ҳузури шаҳрвандони тоҷик миёни ҷабрдидагон аз садама дар Самараро муайян мекунад

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати нази ҳукумати ҶТ дар Русия ҳузури шаҳрвандони тоҷик миёни ҷабрдидагон яз як садамаи бузурги нақлиёт дар вилояти Самараро муайян мекунад. Котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корманди намояндагӣ Далер Сангинов ба Самара раҳсипор шуда, ба ин кор машғул хоҳад шуд. Қобили зикр […]

Аваз Юлдошев


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати нази ҳукумати ҶТ дар Русия ҳузури шаҳрвандони тоҷик миёни ҷабрдидагон яз як садамаи бузурги нақлиёт дар вилояти Самараро муайян мекунад.

Котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корманди намояндагӣ Далер Сангинов ба Самара раҳсипор шуда, ба ин кор машғул хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар шоҳроҳи М-32-и ин вилояти Русия бар асари бархӯрди микроавтобуси «Toyota» бо нақлиёти боркаши «Mersedes» 13 нафар ҳалок ва 3 тан ҷароҳат бардоштанд.

«Дар ВАО хабар дода шуд, ки дар микроавтобус 11 шаҳрванди Ӯзбекистон, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Озарбойҷон қарор доштаанд. Муайян кардани шахсияти фавтидагон хеле душвор аст, зеро қисмати зиёди ҷисми онҳо бар асари оташ гирифтани микроавтобус сӯхтааст», – гуфт Аҳмадов.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки субҳи имрӯз хабар расидааст, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд, вале ин маълумот алҳол саҳеҳ нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.