Кӯмаки намояндагони ҲХДТ ба кишоварзони Ашт дар ҷамъоварии пахта

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷараён доранд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов хабар дод, чанде қабл «Рӯзҳои ҲХДТ» дар ноҳияи Ашт доир гардиданд. «Бо мақсади ҷалби аъзои нав ба сафҳои ҲДТ ва ба мардум шарҳ додани ҳадафҳои […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Рӯзҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷараён доранд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов хабар дод, чанде қабл «Рӯзҳои ҲХДТ» дар ноҳияи Ашт доир гардиданд. «Бо мақсади ҷалби аъзои нав ба сафҳои ҲДТ ва ба мардум шарҳ додани ҳадафҳои ҳизб ин чорабинӣ дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия баргузор гардида, дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеаи муосир» мизи гирд ва дар мавзӯи «Қонуни конститутсонии ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» семинар барпо шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Юнусов, дар доираи Рӯзҳои ҲХДТ аъзои кумитаи вилоятии ҳизб мустақиман дар саҳро низ чорабиниҳо барпо карда, ҳамзамон дар ҷамъоварии пахта ба кишоварзон ёрӣ расониданд. «Шомгоҳон дар варзишгоҳи ҷамоати Ифтихор бо иштироки ҳунармандони шинохтаи вилоят намоиши пуршукӯҳ созмон дода шуд», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки айни замон шумори аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Ашт беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ноҳияи Ашт ҳаштумин ноҳияест, ки дар онҳо Рӯзҳои ҲХДТ баргузор шуданд. Ҳафтаи оянда ҲХДТ ният дорад, ки ин чорабиниро дар шаҳрҳои Қайроқум, Чкаловск, Истиқлол ва нҳияи Ғончӣ доир намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.