«Барқи тоҷик»: Лимити барқ ҷорӣ мешавад, вале каме дертар

Сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба овозаҳо оид ба таъхир афтодани ҷоришавии лимити барқ вобаста ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар изҳор намуд, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ нагардидани маҳдудият дар истифодаи барқ пеш аз ҳама ба тирмаоҳи нисбатан гармтар вобаста аст. «Ғайр аз ин, […]

Аваз Юлдошев


Сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба овозаҳо оид ба таъхир афтодани ҷоришавии лимити барқ вобаста ба маъракаи интихоботи президентӣ дар кишвар изҳор намуд, ки ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷорӣ нагардидани маҳдудият дар истифодаи барқ пеш аз ҳама ба тирмаоҳи нисбатан гармтар вобаста аст. «Ғайр аз ин, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав ва ҷорисозии технологияҳои сарфаи барқ дар корхонаҳои бузурги кишвар низ ба ин таъсир дорад», – иброз дошт ӯ.

«Дар ин давра нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 мавриди истифода қарор гирифта, рӯзҳои наздик ба истифода додани Маркази барқу гармииҳии Душанбе-2 дар назар аст ва дар манотиқи гуногуни кишвар низ даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бунёд шуданд», – гуфт Н.Ёдгорӣ.

Ба қавли ӯ, ба ҳар ҳол, лимити исфодаи барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, вале каме дертар. «Феълан дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон маҷбур аст, ки литити истифодаи барқро ҷорӣ намояд ва муҳлати ҷоришавии онро ҳукумат муайян мекунад», – иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» як ҳафта қабл аз ҷоришавии лимит тавассути ВАО сокинонро аз он огоҳ хоҳад кард.

Ёдгорӣ таъкид дошт, ки ҷорӣ шудани лимити истифодаи барқ дар пойтахт зимистони оянда аз эҳтимол дур аст ва тӯли панҷ соли ахир дар шаҳри Душанбе лимит ҷорӣ нагардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.