Кумаки президент ба мусофирони осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск, ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии госпитал ва роҳбарияти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҷароҳатбрадоштагон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ба ҳамаи осебдидагон аз садамаи қатора дафтарчаҳои амонатгузории БДА «Амонатбонк» бо маблағи ирсолшудаи 1 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон

ба садама дучор шуд

. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.

Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки  садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст. Роҳиоҳанчиёни ӯзбек

эътироф намудаанд

, ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир дар ин қитъаи роҳ огоҳ накардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное