Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.
Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар робита ба ин ҳодиса кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷинояткории муташакиили вилояти Суғд сокини 57-солаи ноҳияи Мастчоҳ М.Х.-ро дастгир намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, зимни кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ ба миқдори 1 килову 32 грамм маводи мухаддири афюн ва 980 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 152 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошокр намуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 757 килову 126 грамм маводи нашъаоварро мусодира кардаанд.



