Ташрифи раиси амалкунандаи САҲА ба Тоҷикистон

Шоми гузашта вазири корҳои хориҷии Украина, раиси амалкунандаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) Леонид Кожара дар чаҳорчӯби сафари ҳаштрӯза ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Гуфта мешавад, дар Душанбе ӯ бо президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид хоҳад кард. Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Украина иттилоъ […]

ASIA-Plus


Шоми гузашта вазири корҳои хориҷии Украина, раиси амалкунандаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) Леонид Кожара дар чаҳорчӯби сафари ҳаштрӯза ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Гуфта мешавад, дар Душанбе ӯ бо президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтушунид хоҳад кард.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Украина иттилоъ дода буд, ки сафари Кожара назуст аз Ӯзбекистон (11-13-уми октябр) оғоз гардида, сипас ӯ аз Қазоқистон (14-уми октябр) ва Қирғизистон (15-уми октябр) боздид намудааст. Пагоҳ ӯ бо сафари  дурӯза ба Туркманистон раҳсипор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз 16уми октябр вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси амалкунандаи САҲА, вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара доир гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба фаъолияти САҲА, аз қабили муқовимат бо чолиш ва хатарҳои нав ба амну субот ва роҳу усулҳои боз ҳам баланд бардоштани самаранокии моҳияти Созмон табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украинаро дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Украинаро барои солҳои 2014-2015 ба имзо расонданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.