Суғд: Боздошти як сокини вилоят ба гумони нашъаҷаллобӣ

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд. Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар робита ба ин ҳодиса кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷинояткории муташакиили вилояти Суғд сокини 57-солаи ноҳияи […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.

Аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл дар робита ба ин ҳодиса кормандони Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷинояткории муташакиили вилояти Суғд сокини 57-солаи ноҳияи Мастчоҳ М.Х.-ро дастгир намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни кофтукови шахсии боздоштшуда аз ӯ ба миқдори 1 килову 32 грамм маводи мухаддири афюн ва 980 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 152 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошокр намуда, аз гардиши ғайриқонунӣ 757 килову 126 грамм маводи нашъаоварро мусодира кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.